мулоқотҳо
Сароҷ Кумар Ҷа ба Тоҷикистон омад
19 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.
Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди баррасии ошкоро қарор мегирад.
Изҳори боварӣ шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир ба кашидани хати барқи 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.13 №: 123-124 Мутолиа карданд: 2485