барқияҳо
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта шудааст:
«Бародари азиз Аълоҳазрат
Ходими ҳарамайни шарифайн
Мояи сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фарорасии иди миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатию саломатӣ, комёбӣ ва ба мардуми ба мо бародари Арабистони Саудӣ рушду пешрафти бардавом орзу намоям.
Мо дар Тоҷикистон нақши пешвоёнаи Шуморо дар эҷоди муколамаи мутамаддини созанда ва ҳамкории самарабахш байни давлатҳо ва миллатҳо баланд арзёбӣ намуда, ба дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба байни кишварҳоямон, ки дар маърази таваҷҷуҳи Шумо қарор доранд, бо назари нек менигарем.
Мутмаинем, ки ин равобити умедбахш манфиатҳо ва ормонҳои муштараки моро баҳри рифоҳу шукуфоии бештар таҷассум менамоянд».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.13 №: 125 Мутолиа карданд: 3457