суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тавилдара, 27 сентябри соли 2013
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки дар хотир доред, моҳи майи соли гузашта мо ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Тавилдара омада, доир ба масъалаву мушкилоти сокинони осебдидаи ноҳия аз наздик суҳбат доштем ва имрӯз тасмим гирифтем, ки бори дигар ба дидори шумо омада, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҳолати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва корҳои созандагиву нақшаҳои неки мардуми заҳматкаши ноҳия мулоқот намоем.
Хурсандибахш аст, ки ҳамаи бахшҳои зиндагии мардуми кишварамон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи давлат торафт беҳтару осуда шуда истодааст.
Муҳимтарин самти сиёсати давлати мо ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, инчунин дар тамоми қаламрави Ватани азизамон вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагӣ мебошад, ки намунаи равшани татбиқи амалии нақшаҳои созандаамон ва заҳмати ободгаронаи мардумро ҳамаи мо имрӯз дар мисоли ноҳияи Тавилдара мушоҳида мекунем.
Чунонки медонед, ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.
Дар солҳои истиқлолият, махсусан аз соли 1995 инҷониб аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тавидара зиёда аз 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб 107 миллион сомонӣ равона гардидааст.
То имрӯз ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат ҳангоми сафари соли гузашта ба ноҳияҳои Рашту Тавилдара ва бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои заминларзаи 13-уми майи соли гузашта ва таъмини оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла 45 оила ба ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷи вилояти Хатлон кӯчонида шуда, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд ва ҳоло 41 оила, аз ҷумла сокинони деҳаҳои Руботноли Боло ва Хамдараи Ҷамоати деҳоти Чилдара зиндагии худро дар ноҳияҳои зикршуда пурра барқарор кардаанд. Инчунин бо супориши Роҳбари давлат ба 166 оилае, ки манзили зисташон пурра ё қисман хароб гардида буд, барои сохтмони манзили истиқоматӣ масолеҳи сохтмон кумак расонида шуд.
Ҳамзамон бо ин, аз соли 2000-ум инҷониб тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини шаҳрвандони ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қариб як ҳазору 100 гектар замин ҷудо гардида, ба беш аз 8 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд тақсим карда шудааст, ки ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву сатҳи зиндагии қариб 40 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат намудааст.
Ҳамчунин дар семоҳаи якуми соли 2012 бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҳисоби як қисми ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сангвор Ҷамоати деҳоти Ваҳдат таъсис дода шуд, ки иқдоми мазкур ба хеле осонтар гардидани мушкилоти аҳолӣ мусоидат намуд.
Таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тавилдара нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳия сол аз сол ба таври назаррас беҳтар шуда истодаанд. Соли гузашта баъди сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳия барои сохтмони бинои таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Руботнол қариб як миллион сомонӣ ва бунгоҳи саломатӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, иншооти мазкур дар муҳлати муқарраргардида сохта, ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, аз ҳисоби фонди захиравии Президент пули мошингузари деҳаи Миёнаду аз болои дарёи Хингоб ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар маҷмӯъ соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохтмони бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мактаби деҳаи Лоҷурги Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, бунёди пул дар деҳаи Миёнадуи Ҷамоати деҳоти Сангвор ва азнавсозии кӯчаи Наим Одинаеви маркази ноҳия ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар маркази ноҳия ба масофаи 6 километр ва дар як қатор деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Сангвор ба масофаи 19 километр хати оби нӯшиданӣ кашида шуд. Илова бар ин, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ маркази саломатии ноҳия ва деҳаи Чилдара, бунгоҳҳои саломатӣ дар чандин деҳаҳо ва шуъбаҳои таваллудхона ва бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар раванди ободонии ноҳия соҳибкорон ва шахсони саховатпеша торафт фаъолона саҳм гузошта истодаанд. Соли гузашта аз ҷониби соҳибкорони ноҳия нуҳ иншооту коргоҳҳои хурд ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорон дар деҳаи Ғуруми Ҷамоати деҳоти Вахиё бинои мактаби ибтидоӣ сохта, ба истифода дода шуд ва дар Ҷамоати деҳоти Сангвор 17 иншооти нав ба маблағи умумии ду миллион сомонӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин соли гузашта аз ҳисоби фонди Президенти мамлакат ҷиҳати сохтмони мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳия, қасри фарҳанг, майдони варзишӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ 11,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки иншооту биноҳои зикргардида чанд рӯз пештар дар арафаи солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд.
Дар баробари ин, бинои беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардид.
Дӯстони азиз!
Соҳаи кишоварзии ноҳия барои қисми зиёди аҳолӣ манбаи асосии даромад мебошад. Тибқи маълумот айни замон ҷамъи умумии заминҳои кишоварзии ноҳия қариб 174 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аз заминҳои умумии кишоварзӣ зиёда аз 170 ҳазор гектар чарогоҳи мавсимӣ ва ҳамагӣ 2800 гектари он заминҳои корам мебошанд. Агар дар соли 1992 дар ҳудуди ноҳия майдони кишти зироат ҳамагӣ 640 гектарро ташкил дода бошад, пас соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони қариб 2700 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 1992-юм қариб 4 баробар зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия дар ҳафт моҳи соли равон ба андозаи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз як миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ноҳияи Тавилдара ҳаҷми истеҳсоли картошка ҳамасола афзоиш меёбад. Масалан, соли гузашта дар ноҳия қариб 16 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 1992 зиёда аз 15 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ солҳои 2009 - 2013 дар ноҳия якчанд семинари ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд. Дар натиҷа соли гузашта миқдори оилаҳои занбӯр 12 ҳазорро ташкил намуда, истеҳсоли асал ба 230 тонна расонида шуд. Ҳол он ки соли 1992 дар ноҳия ҳамагӣ 36 тонна асал истеҳсол гардида буд. Умуман соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 59 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 1992 53 миллион сомонӣ ё қариб 10 баробар зиёд аст.
Бо вуҷуди дастоварду пешравиҳои зикршуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои кишоварзӣ зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои бисёр мусоиди ноҳия барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ, бахусус истеҳсоли картошка, асал ва маҳсулоти чорво чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҳамаи давру замон соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа дониста мешавад. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат ба рушди маориф ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ эътибори аввалиндараҷа дода, бахусус тайи даҳ соли охир барои пешрафти соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода карда истодааст.
Дар ин муддат барои мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии соҳаи маорифи ноҳияи Тавилдара ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия як силсила иқдомот ба анҷом расонида шуданд. Масалан, агар соли 1992 дар ноҳия 30 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта бошад, пас имрӯз шумораи онҳо ба 58 адад расидааст, ки дар онҳо 440 нафар омӯзгорон ба 5200 нафар толибилмон таълиму тарбия медиҳанд. Танҳо дар зарфи солҳои 2005 - 2012 дар ноҳия 19 мактаби нав бунёд карда шуда, ба таълими хонандагон дар хонаҳои шахсиву вагонҳо хотима дода шуд. Ҳамчунин дар ноҳия литсейи касбҳои техникӣ ва филиали омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт фаъолият дорад, ки муассисаҳои мазкур аз рӯи ихтисосҳои барои ноҳия ва мамлакат зарурӣ мутахассис омода месозанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста беҳтар гардида, масъулони соҳаи маориф кӯшиш мекунанд, ки шогирдони худро тибқи талабот ва меъёрҳои муосир омода намоянд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорон ва саъю кӯшиши хонандагон аст, ки соли гузашта аз 239 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия 167 нафар ё 70 фоизи онҳо сазовори номи донишҷӯ гардидаанд. Инчунин аз соли 1997 инҷониб 284 нафар ҷавонони ноҳия тариқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил намуда, 153 нафари онҳо баъди хатми таҳсил ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ноҳия муваффақона фаъолият мекунанд.
Вобаста ба ин, масъулонро зарур аст, ки ҳамасола ба рушди соҳаи маориф ва густариши тафаккури техникии кӯдакону наврасон, омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинони бекори ноҳия соли гузашта аз ҷониби шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират якчанд ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуда, қариб 300 нафар шаҳрвандон ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба кор ҷалб гардидаанд. Ғайр аз ин, дар ин давра дар ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, кафшергарӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо садҳо нафар бекорон соҳиби касб шудаанд.
Солҳои охир дар ноҳия ҷиҳати ҷалби занону духтарон барои кору фаъолият дар мақомоти давлативу ғайридавлатӣ иқдомоти назаррас амалӣ карда мешавад. Ҳоло беш аз 200 нафар бонувони фаъол дар соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолият карда истодаанд.
Дар ноҳия дар солҳои аввали истиқлолият ҳамагӣ ду нафар зан соҳиби таҳсилоти олӣ буд ва ҳоло ин рақам ба 70 нафар расидааст. Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо падару модарон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати пурра ба раванди таълим фаро гирифтани духтарони ноҳия, инчунин ҷалби ҳарчи бештари занону духтарони водии Рашт ба сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Давлат ва Ҳукумати мамлакат то имрӯз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо ба хотири пешрафти ҳамаи минтақаҳои кишвар равона карда истодааст, то ки барои шаҳрвандони мо шароити ҳарчи беҳтари кору фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё карда шавад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди кишвар бидуни ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, бидуни заҳмати софдилонаи ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ғайриимкон аст.
Ҳамчунин зарур аст, ки ҳамаи мо дар самти таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонун ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша кӯшиш намоем. Дар ин раванд набояд фаромӯш созем, ки барои пойдору устувор гардидани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми озодихоҳу сулҳдӯсти мо бисёр рӯзҳои сангинро паси сар кардаанд.
Итминон дорам, ки сокинони ҳимматбаланд ва баору номуси ноҳияи Тавилдара минбаъд низ бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи худ ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои созандаи давлату Ҳукумат, тақвияти иқтидори давлати миллиамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани ноҳия кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи худро дареғ намедоранд.
Дар охир ба тамоми сокинони заҳматқарину меҳмоннавози ноҳия хушбахтиву рӯзгори осуда ва дар роҳи амалӣ гардидани ниятҳои нек ва иҷрои рисолати шаҳрвандиашон барори кор орзумандам.
Доим сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.13 №: 127-128 Мутолиа карданд: 3784