logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Нуробод, 27 сентябри соли 2013 ноҳияи Нуробод

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, мо дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатиамон ва баъди он низ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум, инчунин ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумат ба бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинони заҳматкаши кишвар мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир кардем.
Зимни сафарҳои корӣ ҳамчунин дар маросими ба истифода супурдани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои тиббӣ, иншооти замонавии варзишӣ ва дигар муассисаву иншооти иҷтимоӣ ширкат доштем.
Мехоҳам бо хушҳоливу қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дар ҳамаи гӯшаву канори Ватанамон дастгирии воқеии мардуми сарбаланди тоҷик ва руҳияву азми қавии созандагиро бараъло эҳсос кардем.
Дар ҷараёни боздиди имрӯза аз ноҳияи Нуробод низ итминон ҳосил намудем, ки сиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа татбиқи амалӣ пайдо намуда, самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Бояд гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакатро самти афзалиятноки сиёсати худ эълон намуда, барои инкишофи деҳоти кишвар ҳамаи чораҳоро амалӣ карда истодааст.
Дар ин росто, тайи даҳсолаи охир ба азнавсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида истодааст, ки дар натиҷа ҳоло ин гӯшаи диёрамон ба як мавзеи ободу зебо ва дорои симои замонавӣ табдил ёфтааст. Бояд зикр кард, ки бо мақсади таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 356 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин дар доираи амалисозии чор лоиҳаи сармоягузории баанҷомрасида дар соҳаи маориф ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инчунин се лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву роҳсозӣ ва рушди кишоварзӣ, ки татбиқи онҳо идома дорад, беш аз 124 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Бо мақсади суръат бахшидан ба корҳои ободонии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» қабул гардида, тибқи он анҷом додани як силсила чорабиниҳои созандаи навбатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар доираи татбиқи амалии барномаи мазкур сохтмони 18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, мактаб-интернат ва коллеҷи муҳандисиву техникӣ, иншооти обу корези ноҳия, толори маҷлисгоҳ, боғ ва кохи фарҳанг, китобхона, инчунин толору майдончаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин сохтмони як қатор иншооти хурди истеҳсоливу хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нуробод ноҳияи аграрӣ буда, сокинони он бештар ба корҳои кишоварзӣ машғуланд. Иқлим ва шароити ноҳия барои истеҳсоли картошка хеле мувофиқ буда, соли ҷорӣ кишоварзон кишти картошкаро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 820 гектар расонида, ният доранд, ки 16 ҳазор тонна ҳосил рӯёнанд.
Занбӯри асалпарварӣ шуғли деринаи мардуми водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод буда, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ истеҳсоли он дар ноҳия ба 110 тонна расонида шудааст.
Бо ғайрату матонати деҳқонони заҳматқарини ноҳия солҳои охир истеҳсоли ғалла, сабзавот, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб зиёд шудааст. Кишоварзони ноҳия махсусан дар масъалаи боғпарварӣ соҳибтаҷриба буда, меваҳои хушлаззати ин мавзеъ мақбули харидорони дохил ва хориҷи кишвар мебошанд. Аз 8000 тонна меваи соли гузашта истеҳсолшуда қисми зиёдаш ба сокинони пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои кишвар ба фурӯш бароварда шудааст. Бо мақсади рушди соҳаи боғдорӣ тайи солҳои охир 200 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, инчунин дар масоҳати 115 гектар боғҳои кӯҳна барқарор гардидаанд.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти кишоварзони ноҳия дар самти бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хумдон як канали обрасонӣ ба масофаи 12 километр ва пойгоҳи обкашии Пандовчӣ барқарор карда шуд. Дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии сокинони ноҳия соли 2012 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 101 миллион сомониро ташкил кардааст, ки дар қиёс бо соли 2006-ум 75 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ ва чорводорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ноҳия беш аз 1000 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки ҷиҳати дастгирии онҳо аз ҷониби бонкҳои дар ноҳия амалкунанда 7 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар рушди соҳаи маориф буда, солҳои охир мо барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем. Зеро пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, пеш аз ҳама, тавассути соҳаи маориф амалӣ мегардад ва ҳадафи асосии низоми маорифи кишвар низ тарбия ва таълими шахсияти фаъолу созанда мебошад.
Имрӯз дар 86 муассисаи таълимии ноҳияи Нуробод барои таълиму тарбияи фарзандони мардум ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Заминаи моддиву техникии соҳа давра ба давра беҳтар гардида, ҳоло муассисаҳои таълимии ноҳия бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи компютерӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Барои муқоиса як мисол меорам. Агар соли 2000 ба соҳаи маорифи ноҳия ҳамагӣ 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли ҷорӣ барои таъмини фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия 13 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2000-ум қариб 42 баробар зиёд мебошад.
Соли 2006-ум, вақте ки ба ноҳияи Нуробод сафар доштем, дар мактабҳои ноҳия тақрибан 300 нафар муаллимони соҳибмаълумот намерасиданд. Бо ин мақсад раванди қабули донишҷӯён аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои ноҳияҳои дурдаст дар мактабҳои олии кишвар таҳти назорат гирифта шуд ва дар чанд соли охир аз ноҳияи Нуробод 300 нафар донишҷӯён дар бахши омӯзгорӣ таҳсил карда истодаанд ва онҳое, ки таҳсилро хатм кардаанд, аллакай дар мактабҳои ноҳия фаъолият доранд. Имрӯз мактабҳои ноҳия ҳамагӣ ба якчанд нафар омӯзгори фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ниёз доранд.
Тибқи Квотаи президентӣ 363 нафар ҷавонони ноҳия ба муассисаҳои таълимии мамлакат дохил шудаанд, ки 219 нафари онҳо духтаронанд. Ҳоло дар мактабҳои ноҳия 15 ҳазор хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин ҷумла 7 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки ҷалби духтарон барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумӣ, аз ҷумла дар синфҳои болоӣ беҳтар гардида истодааст.
Бо истифода аз фурсат бори дигар таъкид менамоям, ки ба хотири ояндаи неки насли ҷавон, тарбияи дурусти фарзандон мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд садди роҳи соҳибмаълумот шудани духтарони ноҳияҳои дурдаст шавем. Танҳо ҳамин нуктаро дарк намудан лозим аст, ки маҳз модари соҳибмаълумоту босавод метавонад насли солимро тарбия кунад ва дар ташаккули ҷомеаи пешрафта саҳмгузор бошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Кӯчонидан ва дар мавзеъҳои мусоиди зист ҷо ба ҷо кардани сокинони ноҳия яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.
Тибқи нақша 1140 оила ба шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Данғараву Рӯдакӣ ва шаҳраки Дарбанд кӯчонида шуда, айни замон бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои онҳо таҳти назорат қарор дорад.
Инчунин аз соли 2000-ум то имрӯз тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини шаҳрвандони ноҳия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати сохтмони манзили истиқоматӣ зиёда аз ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст, ки дар натиҷа шароити манзили беш аз 6 ҳазор оилаи эҳтиёҷманди ноҳия беҳтар гардидааст. Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (заминҳои президентӣ) ба сокинони ноҳия 889 гектар, аз ҷумла 122 гектар замини обӣ вобаста карда шудааст.
Дар панҷсолаи охир бо дарназардошти вусъати корҳои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Роғун зарурати кӯчонидани маркази маъмурии ноҳияи Нуробод ба миён омад. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази нави ноҳия дар масоҳати 42 гектар 36 иншооти маъмурӣ бунёд гардида, ҳоло қариб ҳамаи ташкилоту муассисаҳо дар шаҳраки нав фаъолият доранд.
Дар асоси нақшаи генералии шаҳраки Дарбанд, ки барои 15 ҳазор нафар аҳолӣ тасдиқ гардидааст, бунёди як қатор иншооту биноҳои дигар пешбинӣ шудааст, ки солҳои наздик пурра сохта, ба истифода дода мешаванд.
Тайи солҳои 2005-2012 дар шаҳраки Дарбанд вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 16 бинову иншоот сохта, ба истифода додаанд, ки имрӯзҳо ҳамаи онҳо фаъолияти босамар доранд. Умуман, дар ноҳия аз соли 2006 то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 128 иншоот ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 65 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати мамлакат бо дарки амиқи аҳамияти эҳёи шоҳроҳҳои таърихӣ, баровардани кишвар аз бунбасти нақлиётӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба минтақаи транзитӣ бунёди роҳу пулҳоро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон кардааст. Чунонки огоҳ ҳастед, соли 2005 корҳои азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош шурӯъ гардида, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур беш аз 350 километр роҳу пулҳо бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур ва маблағҳои иловагии сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод 63 километр роҳи байналмилалӣ ва 25 километр роҳҳои маҳаллӣ бо бунёди 2 пули нав бо маблағи беш аз 110 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, пешрафту дастовардҳои ноҳия дар солҳои охир хеле назаррас буда, ҳамаи онҳо аз баракати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинони ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон мебошад.
Шубҳае нест, ки заҳматкашони ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори осудаи кишвар барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандаву ободгарона саъю талош хоҳанд кард.
Ҳамон тавре ки медонед, ҳадафи ниҳоӣ ва асосии мо ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он мебошад.
Дар ин ҷода мо то имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, хеле нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ намудем. Сад шукр, ки мо бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин мақсаду ҳадафҳои олӣ расидем ва бо итминон гуфта метавонем, ки мо барои рушду инкишофи минбаъдаи давлатамон низ барномаву нақша ва захираву имкониятҳои заруриро дорем.
Бовар дорам, ки ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми шарафманди ноҳияи Нуробод минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати миллиамон ва пойдории пояҳои он содиқона иҷро карда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, инчунин ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар менамоянд.
Дар охир ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаатон барору комёбӣ мехоҳам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.13    №: 127-128    Мутолиа карданд: 3758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед