мулоқотҳо
Суҳбати самимии Эмомалӣ Раҳмон бо Михаэл Глос
2 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл Глосро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳар ду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.
Изҳори итминон шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳар ду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.
Михаэл Глос изҳор дошт, ки Олмон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.10.13 №: 131 Мутолиа карданд: 2383