барқияҳо
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта шудааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Германияро ба муносибати ҷашни солгарди миллии кишвар табрику таҳният гӯям.
Дастовардҳои назарраси кишвари Шумо дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.
Мо аз он қаноатмандем, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон дар солҳои охир ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.
Ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои комили аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти хос дода, итминон дорад, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду ҷониб ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ба пояҳои баландтари рушду тавсеа хоҳанд расид.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Германия, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.10.13 №: 131 Мутолиа карданд: 3563