мулоқотҳо
"Тоҷиксемент" аз нав ба кор даромад
2 октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе пас аз таваққуфи даҳмоҳа ба кор даромад.
Ин корхонаи бузургтарини сементбарории Тоҷикистон бар асари норасоии гази табиӣ аз кор монда буд.
Ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода мешавад. Хушбахтона, захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басанда аст.
Ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом пазируфт ва аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб гашт. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав каммасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеҷ гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.
Навбати дуюми корхона пас аз ду моҳ ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.
Сементи ин корхона дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад. Аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи дубораи ин корхона изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки навбати дуюми корхона ҳам ҳарчи зудтар ба кор дароварда шавад. Таъкид гардид, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.10.13 №: 131 Мутолиа карданд: 2480