logo

мулоқотҳо

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

4 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми намоён мегузоранд.

www.president.tj

Сафирони нав баъд аз дидор ва супурдани эътимодномаҳои худ ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон вориди гуфтугӯ шуданд, ки дурнамои фаъолият ва таҳкими ҳамкории кишварҳояшон бо Тоҷикистон меҳвари ин суҳбат буд. Аз ҷумла, Игор Лякин - Фролов, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, итминон дод, ки дар густариши равобити ду кишвар аз тамоми имконоти мавҷуд истифода хоҳад кард. Ӯ изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон низ ба ин нукта таъкид намуда, ба мо дар ин самт барору комёбӣ хост.
Сафир, ҳамчунин гуфт, ки иҷрои дастури Владимир Путин - Президенти Федератсияи Русияро дар мавриди таҳкими ҳамгироии шарикони стратегӣ меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия, бахусус дар бахши иқтисоду тиҷорат талош меварзад.
Игор Лякин - Фролов таъкид кард, ки Федератсия Русия Тоҷикистонро шарики стратегӣ ва иттифоқчии наздики худ ҳисобида, аз ҷараёни муколамаҳои сиёсии ҳар ду ҷониб қаноатманд аст.
- Ман хушҳолам, ки ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунам. Бори сеюм аст, ки ба кишвари шумо меоям. Дар ҳар сафар ман тозакориҳоеро ба мушоҳида гирифтам ва инак мебинам, ки Тоҷикистон хеле ободу зебо шуда, рушди назаррасе касб кардааст.
Ин матлабро Такаюки Коикэ, сафири навтаъини Ҷопон дар Тоҷикистон, баён намуда, ба дурнамои неки ҳамкориҳои ду кишвар ва ироаи ёриҳои бештар ба Тоҷикистон ибрози хушбинӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Гинек Пейха, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон, кишвари моро шарики боэътимоди Чехия арзёбӣ намуд. Ӯ бо ёдоварӣ аз он ки ҳанӯз солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта мутахассисони чехӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, изҳор дошт, ки миёни ду кишвар аз қабл заминаҳои хубӣ ҳамкорӣ вуҷуд доранд.
Сафири Чехия аз баҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чехия  истиқбол намуда, қавл дод, ки барои расидан ба муваффақиятҳои бештари равобити ҳасана талош хоҳад кард. Ба андешаи сафир, ду кишвар метавонанд дар риштаи иқтисоду истеҳсолот ҳамкориҳои афзалиятнок дошта бошанд. Ҳамчунин ӯ аз омодагии Чехия ҷиҳати кумак ба рушди соҳаи саноати Тоҷикистон, истихроҷ ва коркарди захираҳои нафту газ ва дорусозӣ хабар дод.
- Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Финландия, ки як сол муқаддам иттифоқ афтода буд, миёни кишварҳои мо заминаҳои нави ҳамкорӣ эҷод кард.
Ин нуктаро Никлас Линдквист, сафири фавқулода ва мухтори Финландия дар Тоҷикистон, таъкид намуда, изҳор дошт, ки то ин замон ҳамкориҳои ду кишвар қобили тавсиф набуданд. Мавсуф дар навбати аввал муаррифии бештари Тоҷикистону Финландия ба ҳамдигарро рисолати худ дониста, изҳори умед кард, ки бо истифода аз захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар рушди муносиботи дуҷониба, бахусус бахши саноату савдо, нақше аз худ боқӣ хоҳад гузошт.
Зимнан, Жагирин Сухээ, сафири фавқулода ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон, сатҳи кунунии ҳамкориҳои ду давлатро ситоиш кард. Муғулистон кишварест, ки соли 1992 дар канори аввалин давлатҳо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Бино ба натиҷагирии Жагирин Сухээ, зарфи 20 соли охир Тоҷикистону Муғулистон ба робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногун даст ёфта, дар арсаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муваффақ шудаанд.
Сафир иттилоъ дод, ки кишвараш дар садади таъсиси Маркази таҳқиқоти рушди кишварҳоест, ки роҳи баромад ба баҳрро надоранд. Ба бовари ӯ, ин тасмим метавонад, роҳи баромадани чунин давлатҳо ба баҳрро матраҳ намуда, дар рушди алоқа ва роҳу коммуникатсия мусоидат намояд. Жагирин Сухээ таъкид кард, ки дар сурати муваффақ шудан ба таъсиси чунин марказ аз Тоҷикистон даъват хоҳад шуд, ки дар ин самт бо Муғулистон бипайвандад.
Доминиго Лусенарио, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Филиппин дар Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки қабл аз супурдани эътимодномаи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноати мамлакат дидору мулоқот анҷом додааст. Ӯ аз натиҷаи ин гуфтугӯҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки маҳз дар ин суҳбатҳо роҳҳои минбаъдаи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон муайян шудааст.
Чарн Ҷулламон, сафири Шоҳигарии Тайланд дар Тоҷикистон, аз таҳаввулоти тоза дар муносиботи ду кишвар ҳарф зад. Ӯ сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Тайланд ва боздиди Йинглак Шинаватра, Сарвазири ин кишварро, аз Тоҷикистон пурмаҳсул ва таконбахши равобити дуҷониба арзёбӣ намуд. Ӯ ба роҳ мондани парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Бангкокро, ки моҳи декабр дар назар аст, истиқбол кард.
Ҳамчунин сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон  Холгер Грен, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна дар суҳбат бо хабарнигорон аз сатҳи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба дурнамои равобити ҳасана изҳори хушбинӣ карданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.13    №: 132    Мутолиа карданд: 2496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед