logo

илм

Муҳаққиқи масъалаҳои хонавода

Падар бо як ҷаҳон орзу ӯро Хуррам ном гузошт, ки шоду хуррам ба камол бирасад, ҳаргиз қаҳтию  гуруснагиро набинад. Аммо соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон ва соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуда, то моҳи майи соли 1945 давом кард, ки бадтар аз солҳои гуруснагӣ буд.  Хуррам Раҳимзода баъдтар ёдовар мешавад: "Соли 1956 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети таъриху филологияи тоҷик  дохил шудам. Дар донишгоҳ маҳфили ҳунарии "Наврӯз" фаъолият дошт.  Ман асбобҳои халқии дутор, рубоб ва торро хуб менавохтам.  Аз ин хотир маро ба маҳфил қабул намуданд. Моҳи марти соли 1957 дар ҳайати "Наврӯз" дар Даҳаи адабиёт ва санъати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Маскав  ширкат  варзидам. Моҳи  августи ҳамон сол дар ҳайати ансамбли  муштараки мактабҳои олии Душанбе дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Маскав иштирок карда,  сазовори ҷоиза шудам. Соли 1964 комисариати ҳарбӣ маро барои таҳсил ба курси 6-моҳаи Академияи ҳарбии Маскав фиристод. Бо баҳои аъло онро хатм карда ба Душанбе баргаштам. Соли 1965 маро барои хизмат ба Афғонистон фиристоданд".
Фаъолияти меҳнатии Хуррам Раҳимзода  аз соли 1961,  яъне  пас аз хатми донишгоҳ оғоз ёфта, то имрӯз идома меёбад. Ӯ дар давоми беш аз ним қарн дар мактабҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва ҷаъмияти "Дониш" - и ҷумҳурӣ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,  муовини директор, директори мактаб, референт оид ба корҳои ҷавонон, устод, мудири кафедра, ходими илмӣ ва мудири шуъба содиқона адои вазифа намудааст. Ҳамзамон ба корҳои илмию тадқиқотӣ  машғул  мешавад  ва соли 1990 дар мавзӯи "Анъанаҳои халқи тоҷик ва мақоми онҳо дар омода намудани талабагони синфҳои боло ба ҳаёти оилавӣ дар шаҳри Алма-ато" рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи "Таъсири институтҳои тарбиявӣ дар омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ" дар шаҳри Душанбе рисолаи докторӣ дифоъ мекунад.
Шоистаи  таҳсин аст, ки даҳ соли охир 17 нафар ҷавонон таҳти роҳбарии доктори илми  педагогика, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия Хуррам Раҳимзода рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд.
Хуррам  Раҳимзода  муаллифи 14 кори илмию таҳқиқотӣ  ва 160 мақола дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ мебошад. Асарҳои ӯ "Оила ва ҷомеа", "Тарзи ҳаёти солим", "Маърифати оиладорӣ", "Танзими оила", "Одоби оиладорӣ", "Ассосиатсияи волидайн ва муаллимон ҳамчун шакли нави идораи мактаб", "Таърихи дин", "Бунёди оилаи солим", "Оиладорӣ ҳам одоб аст" маълуму машҳуранд. Асарҳои "Одоби оиладорӣ" ва "Маърифати оиладорӣ" солҳои зиёдест, ки ҳамчун китобҳои дарсӣ дар мактаб истифода мешаванд. Қисме аз асару мақолаҳои соҳибҷашн дар кишварҳои Эрон ва Русия ба табъ расидаанд.
Агар ба номгӯи асару мақолаҳо, рисолаҳои илмию таълимӣ ва мазмуни онҳо назар андозем, мебинем, ки аксари онҳо ба масъалаҳои хонавода ва мушкилоти онҳо бахшида шудаанд.
Ин бесабаб нест. Хонавода бунёдест, ки ҷомеаи инсонҳоро ба низом медарорад;
- пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд, ё  садди роҳ  мешавад;
- фарзандонро ба камол мерасонад;
- барои таълиму тарбияи фарзандон мусоидат менамояд;
-барои дигарон намунаи ибрат мешавад ва ғайра.
Шахсе тамоми паҳлуҳои хонаводаро таҳлилу тадқиқ мекунад, ки комил бошад, хонаводаи фарҳангӣ ва бомаърифат дошта бошад. Ҳамин гуна шахс аст Хуррам  Раҳимзода.  Оилаи хуб, фарзандони иршод дорад, ки ҳама дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд, дар ободиҳову осудаҳолии кишвари маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.
Профессор Хуррам Раҳимзода  шахси хоксор ва фаъол аст.  Ӯ аъзои ифтихории Анҷумани форсизабонони тоҷикони ҷаҳон, Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ, Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва чандин шӯрову  комиссияҳои дигар мебошад.
Хизматҳои арзандаи профессор Хуррам Раҳимзода бо мукофотҳои давлатии "Собиқадори меҳнат", медали "Хизмати шоиста", нишони "Аълочии маорифи ҶТ" ва чандин ифтихорномаву дипломҳои ватаниву хориҷӣ (аз ҷумла, ҳангоми хизмат дар Афғонистон солҳои 1984 - 1985 бо ду медали Ҳукумати Афғонистон) сарфароз гардонида шудааст, ки боиси ифтихори мо низ мебошад.

Маҳмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ,
академики Академияи
таҳсилоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.13    №: 132    Мутолиа карданд: 5158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед