мулоқотҳо
СААД дар садади таҳкими марз бо Афғонистон аст
Масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар меҳвари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Николай Бордюжа, дабири кулли СААД, ки 7 октябр сурат гирифт, қарор дошт.
Николай Бордюжа дар суҳбат бо хабарнигорон ҷузъиёти дидору мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистонро мавриди назар қарор дод. Бино ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот оид ба татбиқи босамари қарордодҳои охири сарони давлатҳои аъзои СААД, ки 23 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия тавофуқ шуд, таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Таъкид гардид, ки меҳвари аслии санадҳои баимзорасида ёрии фаврии техникӣ ба неруҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон буда, иҷрои он ба манфиати минтақа аст.
Бар асоси мувофиқаҳои ҳосилшуда, дар назар аст, ки дар зарфи се моҳи оянда ироаи ёриҳои низомӣ ба артиш, аз ҷумла бо техникаҳои муосири дифоӣ муҷаҳҳаз намудани неруҳои сарҳадии Тоҷикистон амалӣ гарданд. Вобаста ба ин масъала аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдори Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, ҷиҳати иҷрои ин амр вориди амал шудаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.13 №: 133 Мутолиа карданд: 2458