мулоқотҳо
Сарвари давлат сафири Эронро ба ҳузур пазируфт
11 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми намоёни Алиасғари Шеърдӯст дар таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар муҳлати сафирии ӯ баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлуи ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт.
Алиасғари Шеърдӯст бо ишора ба дилбастагии худ ба Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар саҳмгузор хоҳад буд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.13 №: 134-135 Мутолиа карданд: 2456