номаҳо
"Муҳоҷирони Хуросон
ба чӣ ниёз доранд?"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мақолаи "Муҳоҷирони Хуросон ба чӣ ниёз доранд?"-ро, ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" 5 марти соли 2013, № 30 (22167) ба чоп расидааст, дар маҷлиси машваратии назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Воқеан ҳам муҳоҷирони Хуросон мавзеи навро ба гулистон табдил додаанд, вале ҳеҷ коре бе камбудӣ намешавад. Норасоиҳое, ки муҳоҷирон аз он танқисӣ мекашанду дар мақола низ дарҷ гардидаанд, бартараф мешаванд. Чунончӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба тоза ва мустаҳкам намудани соҳилҳои каналу заҳбурҳо чораҳои фаврӣ андешида, хавфу хатари кандашавӣ ва осебрасонии каналҳоро бартараф намуд. Роҳи мактаб сангфарш ва дар мавзеи интихобнамудаи муҳоҷирон пул сохта шуд.
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар деҳаи "Аэропорт", бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ, мактаб сохт. Аммо он аз манзили муҳоҷирони нав дуртар аст. Бинобар ин, ба нақша гирифтем, ки, мувофиқи имкониятҳои мавҷуда барои фарзандони ин муҳоҷирон низ мактаб сохта шавад.
Ҷабор САМАДОВ,
раиси ноҳияи Хуросон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.13 №: 134-135 Мутолиа карданд: 5434