номаҳо
"Хатлон: гидрантҳои оташнишонӣ каманд"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мақолаи "Хатлон: гидрантҳои оташнишонӣ каманд"-ро, ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" 18 апрели соли 2013, № 55 ба чоп расидааст, дар маҷлиси машваратии назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар Хуросон барои чораҷӯиҳои зидди сӯхтор дар қисмати ҷанубии маркази ноҳия соли равон як ҳавзи оби ғунҷоишаш 2000 м3 мавриди истифода қарор дода шуд. Айни ҳол дар қисмати шимолӣ низ ҳавз бунёд меёбад, ки ғунҷоиши он ба 500 м3 баробар аст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013 "Дар бораи Барномаи таъминоти бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017" дар ноҳия ташкил намудани гидрантҳои оташнишонӣ ва дигар маснуотҳои ба бехатарии зидди сӯхтор зарур, ки ноҳия ба онҳо эҳтиёҷ дорад, ба нақша гирифта шудаанд.
Ҷ.САМАДОВ, раиси ноҳияи Хуросон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.13 №: 134-135 Мутолиа карданд: 5435