logo

номаҳо

Ҳар қитъаи замин таҳти назорат аст

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ мақолаи дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" № 82-83, аз 15 июни соли 2013 чопшударо бо номи "Замин, об, мушкилоти чандсола ҳал мехоҳад" баррасӣ намуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшудаи кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли 2012 майдони 10608.11 гектар заминҳои корам, аз он ҷумла 7752,78 гектар заминҳои корами обӣ, аз истифода берун монда буданд.
Оид ба истифодаи ғайриқаноатбахши замин ба мақсади хоҷагидорӣ аз тарафи кумитаҳои заминсозӣ нисбат ба  истифодабарандагони замин чораҳои маъмурӣ андешида, онҳо ба маблағи 50110 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Аз ҷумла барои холӣ мондани заминҳо кумитаҳои заминсозии ноҳияҳои Бохтар масъулони заминистифодабариро ба маблағи 8000 сомонӣ, Н. Хусрав 8000 сомонӣ, Хуросон 1600 сомонӣ, Қубодиён 4000 сомонӣ, А. Ҷомӣ 8400 сомонӣ ва Фархор 8360 сомонӣ ҷаримабандӣ намудаанд.
Мувофиқи мувозинаи заминҳо ба ҳолати 01.01.2012 дар марзи маъмурии вилояти Хатлон ҳамагӣ 24408 гектар заминҳои партов, аз он 22693 гектар заминҳои партови обӣ мавҷуд буда, нисбат ба ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 01.01.2013 сол майдони 416 гектар замини  партов ва 505 гектар замини партови обӣ кам гаштааст.
Дар давоми соли 2012 дар ноҳияҳои Н. Хусрав майдони 1 га, Бохтар - 1 га, Қубодиён -1 га, Қумсангир - 56 га, Шаҳритус -1 га ва Ҳамадонӣ - 1 га ба гардиши кишоварзӣ  ворид намуда, майдони 335 гектар замини партов дар ноҳияи Ҷилликул ба заминҳои маҳалли аҳолинишин гузаронида шудааст.
Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон ва кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар доираи ваколатҳои худ ва дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов чораҷӯӣ менамоянд.

М. ЗОКИРОВ,
раиси Кумитаи
давлатии заминсозӣ
ва геодезии
Ҷумҳурии
Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.13    №: 134-135    Мутолиа карданд: 1493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед