logo

паёмҳо

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати иди Қурбон, шаҳри Душанбе, 14 октябри соли 2013

Ҳамватанони азиз!
Пагоҳ иди саиди Қурбон, ки яке аз рӯзҳои муҳим ва муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон ин идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин рӯзи муборак самимона табрик гуфта, ба шумо имону эътиқоди комил, иҷобати дуоҳо ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Воқеан, ин иди саид таҷассумгари эътиқод, имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад. Зикр бояд кард, ки ҳаҷ, яъне зиёрати хонаи Худо рукни панҷуми дини ислом буда, дар доираи иди Қурбон ҳусни анҷом меёбад. Ва дар навбати худ қурбонӣ рамзи садоқату вафодорӣ ва имону тақво ба Худои таоло мебошад.
Дар Қуръони карим дар бораи қурбонӣ фармудаҳои зиёде мавҷуданд, ки барои баланд гардидани ахлоқу маънавиёти ҷомеаи муосири мо аз аҳамият холӣ нестанд. Масалан, дар ояти дуюми сураи Моида чунин омадааст: “Ва бар накӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед”. Ин аст, ки фарҳанги бузурги исломӣ ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморону нотавонон ва ёди хайр аз гузаштагонро талқин мекунад.
Тибқи таълимоти ислом қурбонӣ кардан ҳамчун суннат барои ҳама ҳатмӣ нест. Ин амалро касе бояд иҷро кунад, ки аз лиҳози иқтисодӣ тавонманд бошад ва молу сарваташ ба ин чиз имконият диҳад.
Дуюм, нафаре, ки масъулияти худро дар назди аҳли байт ва хешовандони наздик, ки онҳо ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад. Яъне ҳаққи фарзанд ба таълиму тарбия, сарулибос, ахлоқи нек, ҳаққи хоҳару бародар, падару модар, ҳамсояҳо ва амсоли инҳо иҷро шуда бошад.
Сеюм, касе бояд қурбонӣ кунад, ки нияти дигар содир намудани гуноҳро дар дилаш надошта бошад ва барои ислоҳи ахлоқу рафтораш кӯшиш намояд.
Яке аз фазилатҳои асосии иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Дар ин маврид Расули акрам дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Беҳтарин садақа он аст, ки ба ниёзманд расонида шавад”.
Хушбахтона дастгирии моддӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон дар рӯзҳои ид дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст. Бахусус аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд чунин амали неку савоб бештар сурат мегирад ва мо умедворем, ки имсол кумаки онҳо нисбат ба солҳои гузашта боз ҳам зиёд мегардад.
Ҳар кори хайре, ки муъмин мекунад, набояд барои худнамоӣ, балки барои дилеро шод кардану дасти афтодаеро гирифтан аст. Ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ ва русуму одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва суннатҳои гузаштагонамон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намояд.
Дар рӯзҳои иди мубораки Қурбон мардуми мо одати нек доранд, ки бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд ва ҳамдигарро табрик мегӯянд. Инчунин, тарк кардани буғзу кина, дастгирӣ ва меҳрубонӣ кардан ба ятимону маъюбон, мискинону бенавоён, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои ин иди саид аст.
Рукни асосии иди Қурбон анҷом додани маносики ҳаҷ мебошад. Бояд зикр кард, ки имсол беш аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон бо нияти ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи акбар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафтаанд.
Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо нафар мусулмонони ҷаҳон ба зиёрати Байтуллоҳ мушарраф хоҳанд шуд. Итминон дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд.
Дар баробари ин, дар хотир бояд дошт, ки ҳоҷӣ шудан маънои танҳо ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии руҳониву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт.
Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузорад. Дар айни замон, тафаккури мазҳабӣ бояд ба таъмини пойдории истиқлоли кишвар, рушди босуръати иҷтимоиву иқтисодӣ ва суботи сиёсии мамлакат мусоидат намояд.
Муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо дар шароити ҷаҳони муосир на танҳо макони ибодат бошанд, балки ба маркази фарҳангу одоб, мактаби одамият ва тарбияи ахлоқиву маънавии мусулмонон табдил ёбанд.
Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Хусусан дар шароити пешрафти бесобиқаи ҷаҳон бе тарбияи насли ҷавони дорои ахлоқи ҳамида, донишҳои касбии замонавӣ ва соҳибмаърифату забондон эъмори ҷомеаи мутамаддин ва давлати пешрафта ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, аз ҳар як падару модар талаб карда мешавад, ки масъулият ва қарзи худро дар назди фарзандонашон амиқан дарк карда, ба хотири фароҳам овардани шароит барои донишандӯзӣ ва тарбияи солими онҳо ҳамеша кӯшиш намоянд. Ҳамчунин ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем.
Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз мусулмонони кишварамон тамоми рукнҳои дини мубини исломро озодона иҷро менамоянд, зеро қонунгузории давлати демократиамон озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун ҷузъи таркибии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Бинобар ин, ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту меҳанпарвари ҷомеа бояд кӯшиш намояд, ки барои ҳифзи сулҳу осоиши кишварамон, тарбияи наврасону ҷавонон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо фаъолона саҳм гузорад.
Изҳори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози ид барои сулҳу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани ваҳдати миллиямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ба даргоҳи Худо дуо мекунанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар фарорасии иди Қурбонро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.
Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.13    №: 136    Мутолиа карданд: 8916
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед