қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938; с.2013, №3, мод.203; №7, мод.503) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- қисмҳои 8,9 ва 10 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"8. Иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу маводи сохтмонии хати нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон-Элок ва Қӯрғонтеппа-Вахш-Ёвон), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ гардида, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (пойгоҳи вагонҳои боркаши шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди "Мусофирбар"-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳан тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
10. Дастгоҳҳои бофандагӣ (рамзи НМФИХ 8446), ки дар асоси қарордоди байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Қолинҳои Суғд" ва Ширкати "Ван-де-Вил" аз 30 январи соли 2013, №10593/2013 ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.";
- қисмҳои 8,9,10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11, 12, 13 ва 14 ҳисобида шаванд;
- дар қисми 11 калима ва рақами "қисми 9" ба калима ва рақами "қисми 12" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш.Душанбе, 11 октябри соли 2013 №1023
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 1 октябри соли 2013 №1258
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.13 №: 136 Мутолиа карданд: 3971