мулоқотҳо
Аёдати сарбозони маҷрӯҳ
16 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд ба шаҳри Чкалов ташриф оварда, аз ҳоли сарбозоне, ки чанд рӯз пеш дар қатораи роҳи оҳан дучори садама шуда буданд, хабар гирифт.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шифохона хотиррасон гардид, ки 10 - уми октябри соли равон наваскароне, ки аз шаҳри Хуҷанд ба маркази ҷумҳурӣ тавассути қатораи роҳи оҳан интиқол дода мешуданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон ба садама дучор шуданд. Бар асари аз роҳи оҳан баромада, сарозер шудани чанд вагон 45 нафар сарбозон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Як нафар дар шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ мешавад ва ҳолати ин сарбоз ҳоло муътадил аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки барои табобати босифат ва ба ҷойҳои доимии хизмати ҳарбӣ баргардондани ин муҳофизони ояндаи Ватан тадбирҳои судбахш андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба чунин садамаву дигар ҳолатҳои нохуш низ пайваста чораандешӣ бояд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.13 №: 138-139 Мутолиа карданд: 2573