мулоқотҳо
САҲА ва Украина ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муҳим медонанд
16 октябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Леонид Кожара - раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Украинаро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, зикр менамояд, ки дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Бино ба иттиллои манбаъ, ҷонибҳо доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина низ гуфтугӯ карда, ҳамзамон ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, вазъи кунуниву ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Леонид Кожара баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷамъи хабарнигорон ин гуфтугӯро барои таҳкими муносибот ва дурнамои ҳамкориҳои САҲА ва Украина бо Тоҷикистон муфиду созанда арзёбӣ кард. Ӯ гуфт: «Барои Украина рушди муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон бисёр муҳим аст, аз ин лиҳоз мо дар садади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои бонуфуз ҳастем». Номбурда дар ҳоле, ки аз сафар ба кишвари мо хушҳолӣ мекард, итминон дод, ки Украина замони раёсаташ дар САҲА аз мавқеи Тоҷикистон дар амалӣ намудани тадбирҳои судманд пуштибонӣ хоҳад кард.
Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, таъкид намуд, ки дар мулоқоти мо бо ҷаноби Президент аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосии фаъолияти САҲА, аз ҷумла сиёсию ҳарбӣ, иқтисоду экология ва гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Л. Кожара қаблан бо роҳбарияти порлумон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ гуфтугӯҳои судманд анҷом додааст, ки ба андешаи ӯ, тавофуқоти ҳосилшуда дар ин дидору мулоқотҳо ба тавсеаи ҳарчи бештари муносиботи тарафайн мусоидат хоҳад кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.13 №: 138-139 Мутолиа карданд: 2305