барқияҳо
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
"Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Австрияро самимона табрику таҳният менамоям.
Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Австрия шукуфоиву саодат таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.13 №: 143 Мутолиа карданд: 3532