барқияҳо
28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
"Ҷаноби Олӣ,
Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ, ҳукумат ва мардуми дӯсти Чехияро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишвар табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобит ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳар чӣ бештари онҳо мебошад.
Умедворам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мундариҷаи ин равобитро ғанитар гардонида, сатҳи онро болотар бибарем.
Ба Ҷаноби Олӣ бурдборӣ, муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардум ва ба кишвари дӯст сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.13 №: 143 Мутолиа карданд: 3493