барқияҳо
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гюл барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:...
«Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз,
Сарфарозам, ки Ҷаноби Олӣ ва дар шахси Шумо давлат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Туркияро ба муносибати фаро расидани солгарди Иди миллиатон самимона табрик намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, муътақид аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онҳо, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад.
Мутмаинам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Туркия, ба бародари азизам, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.13 №: 144 Мутолиа карданд: 3539