мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон “Шаҳри бехатар”-ро ифтитоҳ кард
31 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази идораи лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар», ки дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир аст, ташриф оварда, шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанберо ба кор даровард.
Тавре зикр гардид, тибқи ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.
Камераҳои назоратӣ кори нозирони ҳаракат дар роҳро хеле осон мекунанд, зеро тамоми вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе дар наворҳои видео ва аксҳо сабт мегардад. Дар чунин ҳолат ягон қонуншикан ва вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат беҷазо нахоҳад монд, зеро тамоми воқеаҳои нохуш сабт мегарданд ва касе ба қонуншикан ёрӣ расонда наметавонад.
Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад. Дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа дар шаҳри Душанбе, он дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ татбиқ хоҳад шуд.
Ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин лоиҳа ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ водор намудани шаҳрвандон, пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагию ҳаракат дар роҳҳо мебошад.
Барои татбиқи босамари лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки санадҳои қонунгузории кишварро ба талаботи низоми нав мутобиқ гардонанд.
Таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио бояд моҳияти фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - “Шаҳри бехатар”-ро ба шаҳрвандон шарҳ ва тавзеҳ диҳанд.
Супориш дода шуд, ки ташкилоту идораҳо, бахусус иншооти муҳим ва махсусан муҳим, ки мушоҳидаҳои видеоӣ доранд, таҷҳизоти худро ба талаботи меъёрҳои стандартӣ мутобиқ намуда, дар оянда ба Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - “Шаҳри бехатар” пайваст намоянд.
Тавре хотиррасон гардид, дар 9 моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 738 800 ҳодисаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат сабт шудааст. Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 25 800 бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 бе рақамҳои қайди давлатӣ, 6688 итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯи ронанда бо телефони мобилӣ дар ҳолати ҳаракати мошин ошкор гаштааст.
Дар ҳамин давра, ҳамчунин 853 ҳолати истифодаи нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 аз меъёр зиёди иштироки воситаҳои нақлиёт дар гузарондани тӯю маъракаҳо, 2459 далели истифодаи воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама сабт шуда, бар асари он 350 нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтааст. Дар муқоиса ба соли гузашта 34 садама зиёд рух дода, 25 нафар ҳалок ва 13 кас ҷароҳат бардоштааст.
Дар шаҳри Душанбе 253 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 33 нафар ба ҳалокат расида, 261 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтааст.
Дар ҷумҳурӣ 135 ҳолати идораи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор гардида, аз тарафи онҳо 12 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад ноболиғон 3 садамаи нақлиётӣ содир намудаанд, ки дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 5 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар ин давра 172 ҳолати бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор шуда, аз тарафи онҳо дар ин муддат 9 садамаи нақлиётӣ содир гардидааст, ки бар асари онҳо 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар маҷрӯҳ гардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби донишҷӯён 5 садамаи нақлиётӣ содир шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз ҳисоби пардохтҳои давлатӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба буҷети давлат 186 миллиону 833 ҳазору 864 сомонӣ ворид шудааст.
Аз ҷумла:
- аз ҳисоби ҷаримаҳо 18 миллиону 929 ҳазору 921 сомонӣ;
- аз ҳисоби андоз аз соҳибони нақлиёт 92 миллиону 367 ҳазору 841сомонӣ;
- аз ҳисоби зиёдатии даромад аз хароҷот 10 миллиону 876 ҳазору 950 сомонӣ;
- аз фурӯши аломатҳои қайди давлатӣ дар музояда 1 790 732 сомонӣ;
- аз ҳисоби додани иҷозатнома барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ба маблағи 62 868 420 сомонӣ.
Бояд зикр намуд, ки ҳоло ҳам ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ва чароғаки роҳнамо, сабқату суръатафзоӣ ва доир намудани пойгаи мошинҳо, инчунин содир намудани садамаҳои нақлиётии марговар аз тарафи фарзандони шахсони мансабдор, воломақом ва сарватманд ба назар мерасанд.
Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар ин давра 592 ҷиноят сабт шуда, ҷиноятҳои авбошӣ 352 ададро ташкил медиҳанд. Инчунин дар шаҳри Душанбе дар миёни ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла мактаббачагону донишҷӯён 13 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ бо истифодаи корд ва дигар олоти буррандаю халанда сабт гаштааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолияти босамари барномаи “Шаҳри бехатар” ба ислоҳи чунин ҳолатҳои ногувор ва пешгирӣ аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.11.13 №: 145 Мутолиа карданд: 2626