барқияҳо
Барқияи шодбош
ба унвони
Борак Ҳусайн
Обама
21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Борак Ҳусайн Обама ба муносибати савганд ёд карданаш ва оғоз намудани иҷрои вазифаи давлатиаш барқияи шодбош ирсол намуд.
«Дар давоми солҳои сипаригашта, – таъкид намуд Сардори давлати Тоҷикистон, – муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ҳамаҷиҳата густариш ёфта, ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо муваффақият идома дорад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд, ки ҳамкориҳои муассирро ба манфиати тарафайн бар пояи ҳадафҳои муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳад.
Дар хотимаи барқия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Борак Обама дар маснади Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирӯзиву комёбиҳо орзу намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8673