logo

барқияҳо

Барқияҳои шодбоши роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба унвони Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон

7 ноябр Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он  омадааст:

"Муҳтарам Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,
Иҷозат диҳед хушнудӣ ва таҳнияти самимии худро ба муносибати дубора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон баён намоям.
Натиҷаи интихоботи Президентии кишвари Шумо баёнгари он аст, ки кулли мардуми тоҷик пуштибони сиёсати дохилӣ ва хориҷии Шумост. Аминам, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлат Тоҷикистон ба дастовардҳои  афзунтаре ноил мегардад. Имсол аввалин соли ба роҳ мондани ҳамкориҳои стратегӣ миёни Чину Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, барои рушди муносибатҳои дуҷониба имконоти беназире пайдо гардиданд. Ман омодаам, ки бо Шумо барои равнақи ҳамкориҳои муҳими стратегии Чину Тоҷикистон, ки ба нафъи кишвар ва халқҳоямон мебошанд, талош варзам.
Ба Шумо сиҳатии комил ва дар корҳоятон барор мехоҳам.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба халқи он хушбахтиву саодатмандӣ орзу дорам".

* * *
Дар барқияи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.
Ин пирӯзӣ нишонаи боварии баланди мардуми Тоҷикистон ба Шумо ва нақши Шумо дар роҳи якдилӣ ва саодатмандии мардум аст. Боварӣ дорам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олӣ дар самти рушд ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.
Аминам, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар асоси анъана ва дӯстиву ҳусни эҳтироми мутақобил асос ёфтаанд, дар оянда низ ба манфиати халқҳои бародари ду кишвар рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо Эмомалӣ Шарифович сиҳатии комил ва муваффақиятҳои тоза, ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам".
* * *
Дар барқияи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфта мешавад:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуданатон қабул фармоед.
Мутмаинам, ки фаъолияти Шумо дар ин мансаби олии давлатӣ дар самти рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси муштаракоти таърихӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб бунёд ёфтаанд, саҳм хоҳад гузошт.
Бо  истифода  аз  фурсат  мехоҳам  ба  Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно намоям".

* * *
Дар барқияи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ғолибиятатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Халқи тоҷик бори дигар ба Шумо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ боварии худро изҳор намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷоринамудаи Шуморо, ки ба таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон равона шудааст, тасдиқ кард.
 Бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамгироии байни кишварҳоямон, характери фаъоли ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр менамоям ва боварӣ дорам, ки минбаъд дар рӯҳияи созанда ҳамкориҳои дуҷонибаамон рушд меёбанд.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тани сиҳат, неруи беинтиҳо, дар мақоми масъулиятнокатон ба манфиати халқи тоҷик комёбиҳо таманно дорам".
* * *
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Президенти азнавинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, гуфта мешавад:
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.
Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад.
Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфоии халқҳоямон мусоидат менамояд.
Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти давлатии Шумо ба нафъи Тоҷикистони дӯст муваффақиятҳо орзу мекунам".
* * *
Дар барқияи шодбоши Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст:

"Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Интихоби муҷаддади Ҷаноби Олӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо, давлат ва миллати кишваратон самимона табрик мегӯям.
Ин интихоби муҷаддад фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фароҳам хоҳад намуд.
Умедворам, дар давраи ҷадид ва дар партави саъйу кӯшишҳои муштарак, беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ, сарафрозӣ ва беҳрӯзии давлат ва миллати дӯст ва бародари Тоҷикистонро орзу дорам".

* * *
Дар барқияи шодбоши Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфта мешавад:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаамро қабул фармоед.
Аз ин имконияти гуворо истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар ин мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳоро таманно дорам.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, итминону эҳтиромоти бепоёнам нисбат ба Шумо ва омодагии доимиамро дар амри рушду таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи байни кишвару халқҳоямон қабул фармоед".
* * *
Дар барқияи шодбоши Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфта мешавад:

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед.
Ғалабаи комил дар интихобот нишонаи сатҳи баланди эътимоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва хизматҳои шахсии Шумо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад.
Робитаҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда доранд.
Мехоҳам ҳавасмандиро барои идомаи кори самарабахши муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи шарикии дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ ба манфиати халқҳои бародарамон ва баҳри таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ изҳор намоям.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тани сиҳат, дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои тоза ва тамоми хушиҳоро таманно дорам".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.11.13    №: 147    Мутолиа карданд: 3539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед