қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Моддаи 1. Ба қисми 3 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №11, мод.938; с.2013, №3, мод. 203; №7, мод. 503; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, № 1022; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, № 1023) пас аз калимаҳои "андоз аз арзиши иловашуда" калимаи ", аксизҳо" илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 октябри соли 2013,
№ 1024
Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2013, № 1314
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.11.13 №: 147 Мутолиа карданд: 3740