номаҳо
Ҷасади Восеъ оварда шавад!
Ҳар гоҳ, ки гузаштаи начандон дур, ҷашни 100 - солагии Шӯриши Восеъро, ки дар он иҷрокунандаи як силсила чорабиниҳо будам, пеши назар оварда, аз ҷасорату ҷонбозиҳо, набардгоҳу пинҳонгоҳ ва оромгоҳаш ёдовар мешавам, дар дарёи андеша ғарқ мегардам. Баъди лаҳзаҳое бо ифтихору сарбаландӣ канда бурдани устухонҳои ҷасади генерали турк Анварпошоро, ки дар шафати зодгоҳи Восеи қаҳрамони халқи тоҷик гӯронида шуда буд, ба ёд меорам, дар хиҷолат мемонам. Инчунин, лаҳзаҳои суҳбат бо ворисони Анварпошо дар зодгоҳи Восеъ -Дараи Мухтори Ховалинг, ки расмҳояшонро дар даст дорам, ба ёд меоянд, боз ба андеша ғуттавар мегардам. Дар таҳҷои хонае, ки ӯ ба дунё омада, камол ёфтаву худшиносу миллатшинос шудааст, меҳмон шуданд, сайру сайёҳат ва истироҳат карданду пас озими диёри худ гардиданд. Чун дар равиши суҳбату сайру сайёҳат, ки вазифаи роҳбаладиро иҷро мекардам, ба меҳмонон аз кӣ будани Восеъ, ҷасорату қаҳрамониҳо ва халқу ватандӯстии ӯ бо ҳарорат ҳарф мезадам, маро бодиққат гӯш мекарданд. Вақте сухан дар бораи оромгоҳи Восеъ рафт ва яке аз ҳозирон бо суоли "Чаро ворисони Восеъ ҷасади ӯро баъди ба шаҳодат расиданаш ба зодгоҳаш наоварданд?" ба гап даромад, ваҷоҳатам дигар шуда, шарм кардам, лаҳзае хомӯш мондам ва сипас ба ин суол ҷавоб гуфтам. Аммо ҷавоб қаноатбахш набуд.
Мо ҳанӯз ҳам дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ва миллатдӯстӣ қадамҳои устуворонаю баҳодурона нагузоштаем. Меҳмонон ба мо бо ифтихор гуфтанд, ки ҳангоме ҷасади генерал Анварпошо вориди фурудгоҳи ҳавоии Анқара гардид, тамоми мардум ба пешвози устухонҳои ҷасади ӯ баромаданд. Туркия гӯё тӯй дошт, мардум аз он меболид, ки баъди 80 соли ба шаҳодат расидани Анварпошо ҷасади ӯ ба ватанаш оварда шуд.
Ногуфта намонад, ки мо ҳанӯз чанд сол пеш ба мақомоти дахлдор номае оид ба ҷустуҷӯву овардани ҷасади Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ ирсол намудем. Вале то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Дар арафаи 125 - солагии Шӯриши Восеъ пешниҳод менамоям, ки ин санаи муҳими таърихӣ расман ҷашн гирифта, дар равиши чорабиниҳои он ҷасади Восеи қаҳрамон аз Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Узбекистон оварда, дар Дараи Мухтори Ховалинг - зодгоҳи қаҳрамон бо бунёди мақбарае дафн карда шавад.
Амирхон Саидзодаи Мункӣ,
ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.13.1 №: 149 Мутолиа карданд: 5754