номаҳо
Мушкили мардуми Миёншаҳрро кӣ бояд ҳал намояд?
Миёншаҳр калонтарин деҳа дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ буда, дар он 180 оила зиндагӣ дорад. Он қад- қади дарёи Ғунд ҷойгир аст. Дарё деҳаро аз роҳи калони мошингард ҷудо мекунад ва аз деҳа то роҳи мошингард 9 км роҳ аст. Миёншаҳр аз маркази вилоят 90 км ва аз ноҳия 115 км дур мебошад. Дар деҳа бозор нест. Барои харидани маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ ё омода намудани ҳуҷҷат ба шаҳри Хоруғ меравем ва маҷбурем, то роҳи мошингард 9 км роҳро пиёда тай намоем. Барои наздик шудан ба роҳи мошингард ҳар сол мо - сокинон якҷоя дар болои дарёи Ғунд пул месозем, аммо ҳангоми зиёд шудани сатҳи об он вайрону валангор мегардаду боз мардум сарсону саргардон. Ҳатто гузаштан аз болои ин пул хатарнок аст. танҳо дар муддати як сол 15 нафар аз болои он ба дарё афтода зарари ҷисмонӣ диданд. Моҳи июли соли равон сокини деҳаамон Музаффар Нафасбекови 26 - сола, ки соҳиби ду фарзанд буд, ҳангоми аз болои пул гузаштан ба дарё афтида ғарқ шуд. Барои ҳалли ин мушкил борҳо ба масъулон муроҷат намудем, аммо он то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Мардуми деҳа то ба кай аз ин мушкил азият бикашанд? Онро кӣ бояд ҳал намояд?
Ҷ. Ғалабеков,
Қ. Азаматшоев,
Ш. Элчибеков,
А Азамшоев,
Ф. Ҷоншоева,
ҷамъ 90 имзои сокинони деҳаи Миёншаҳри ноҳияи Шуғнон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.13 №: 149 Мутолиа карданд: 5525