қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 9, мод. 68; мод. 69; № 22, мод. 306; с.1999, № 12, мод. 316; с.2001, № 4, мод. 149; мод. 167; с.2002. № 11, мод. 675; мод. 750; с.2003, № 8, мод. 456; мод. 468; с.2004, № 5, мод. 346; № 7, мод.452; мод. 453; с.2005, № 3, мод.126; № 7, мод.399; № 12, мод. 640; с.2007, № 7, мод. 665; с.2008, № 1, қ.1, мод.3; № 6, мод. 444; мод.447; № 10, мод.803; № 12, қ.1, мод. 986; № 12, қ.2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80; № 7-8, мод.501; с.2010, № 3, мод. 155; № 7, мод.550; с.2011, № 3, мод. 161; № 7-8, мод. 605; с.2012, № 4, мод. 258; № 7, мод.694; с.2013, № 6, мод. 403; мод. 404), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 1792 калимаҳои "барои таъминоти молиявии террорист ё ташкилоти террористӣ" хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои "ё бо дарки он ки ин воситаҳо" калимаҳои "аз ҷониби террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳи (ташкилоти) террористӣ ё" илова карда шаванд.
2. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 262 калимаҳои "дар содир намудани ҷиноят" ба калимаҳои "дар содир намудани ҷинояти асосӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 319:
- дар диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "он", "мансабиаш" ва "метавонад" мувофиқан ба калимаҳои "онҳо", "мансабиашон" ва "метавонанд" иваз карда шаванд;
- ба диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- ба эзоҳ бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад.
4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад.".
4. Дар моддаи 320:
- ба диспозитсияи қисми 1 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- дар диспозитсияи қисми 2 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "аз ҷониби ӯ" ба калимаҳои "аз ҷониби онҳо" иваз карда шаванд;
- ба бандҳои 1) ва 2) эзоҳи модда баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шаванд;
5. Дар диспозитсияи модаи 321 баъд аз калимаҳои "шахси мансабдор" калимаҳои ", шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ" илова карда шуда, калимаҳои "розигии ӯ" ба калимаҳои "розигии онҳо" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2013, № 1028
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2013, № 1325
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2013, № 570
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.13 №: 150 Мутолиа карданд: 4049