қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, № 5, мод. 348; с.2005, № 3, мод. 120; с.2006, № 7, мод. 343; с.2007, № 6, мод.433; с.2008, № 1, қ.2, мод.14; № 6, мод. 457; № 10, мод.816; с.2009, № 3, мод.78; № 5, мод.326; № 9-10, мод. 544; с. 2010, № 12, қ.1, мод. 821; с.2012, № 12, қ.1, мод.1005; с. 2013, № 3, мод.193) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 9:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд.";
- ба қисми 3 баъд аз калимаҳои "Қонуни мазкур" калимаҳои ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" илова карда шаванд.
2. Ба сархати панҷоҳу чоруми моддаи 17 баъд аз калима ва аломати қавси пӯшида "қиматбаҳо)" калимаҳои ", ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ" илова карда шаванд.
3. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 18 баъд аз калимаи "зеризаминӣ" калимаҳои ", ба истиснои фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2013, № 1030
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ
ба баъзе намудҳои фаъолият"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1266
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 ноябри соли 2013, № 567
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.13 №: 150 Мутолиа карданд: 3899