фармонҳои президент
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидов Д. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 ноябри
соли 2013, № 15
САИДОВ ДАВЛАТАЛӢ ШОМАҲМАДОВИЧ
- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
САИДОВ Давлаталӣ Шомаҳмадович 30 марти соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисоди миллӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳомигардонӣ, коғазҳои қиматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005 - 2007 аввал дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007 - 2009 ба ҳайси Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.
Аз моҳи октябри соли 2009 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо ордени «Шараф», дараҷаи II ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 2760