logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сохтори замимагардидаи мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
- ба низоми мақомоти идоракунии давлатӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо, хадамот, агентиҳо ва саридораҳо дохил мешаванд;
- вазифаҳои мақомоти идоракунии давлатие, ки роҳбарии фаъолияти онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар низомномаҳои ин мақомот, ки мутобиқан бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд;
- ҷиҳати роҳ надодан ба суиистифода аз фишангҳои дохилисоҳавӣ барои ҳимояи манфиатҳои дохилиидоравӣ, муносибати байниҳамдигарии вазорату кумитаҳои давлатӣ бо хадамот ва агентиҳои низоми онҳо тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
3. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муовин, аз ҷумла як муовини якум муқаррар карда шавад.
4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
5. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд.
6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба вазорати мазкур вогузор мегарданд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешавад.
8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти идоравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
9. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
10. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
11. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
12. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
13. Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
14. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми агентии мазкур шомил карда мешавад.
15. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба беҳдошти замин ва обёрии Вазорати барҳамдодашудаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба агентии мазкур вогузор мегарданд.
16. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
17. Бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
18. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
19. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- такмили сохтори мақомоти идоракунии давлатиро дар асоси фармони мазкур таъмин намояд;
- дар муҳлати се моҳ сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва низомномаи вазорату идораҳои навтаъсис ва таҷдидшавандаро бо таъмини тақсимоти дақиқи вазифаҳо ва бартарафсозии такроршавии вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва моддиеро, ки аз фармони мазкур бармеоянд, ҳал намояд;
- баҳри тақвияти низоми ҳисоботдиҳӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои саноати кишвар ҷиҳати ба низоми Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани корхонаҳои воҳиди давлатии "Востокредмет", "Тоҷиксемент", "Заря Востока", "Иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷиктекстилмаш", "Ҷамаст", ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктрансформатор", "Химзавод" ва мутобиқан ба корхонаҳои воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон", "Сементи Тоҷик", "Нури Ховар", "Коргоҳи машинасозӣ" ва ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушодаи "Трансформатор", "Корхонаи кимиёвӣ" номгузорӣ кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад;
- санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд;
- доир ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.
20. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд дар асоси муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 вобаста ба таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ пешниҳодот манзур намояд;
- дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони вазорату идораҳои барҳамдодашуда ва навтаъсисро таъмин карда, ҷиҳати истифодабарии минбаъдаи онҳо лоиҳаҳои санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намояд.
21. Банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 ноябри соли 2013, № 12

 

 

Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 ноябри соли 2013, №12
тасдиқ шудааст

Сохтори
мақомоти марказии
ҳокимияти иҷроияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.  Мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
4.  Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тавзеҳот
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон",
шаҳри Душанбе, 19 ноябри соли 2013

Фармони мазкур як қатор тағйироти сохториро дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия пешбинӣ намудааст.

Аз ҷумла, даҳ расмиёти табдилдиҳӣ, яъне Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор расмиёти таъсисдиҳӣ, яъне таъсиси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳамдиҳии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №: 152-153    Мутолиа карданд: 3263
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед