фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷамолзода Бобоҷон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷамолзода Бобоҷон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 24
ҶАМОЛЗОДА Бобоҷон - фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАМОЛЗОДА Бобоҷон 22 майи соли 1976 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 2002 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 дар вазифаи командири взводи таълимии танкии Бригадаи 4-уми мототирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои командири взвод, командири рота, командири баталёни десантӣ-ҳамлаовари кӯҳии Бригадаи 7-и алоҳидаи десантӣ-ҳамлаовари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2004 аввал ба ҳайси сардори Шуъбаи тайёрии ҷангии Раёсати қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас командири қисмҳои ҷудогонаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Дорои рутбаи ҳарбии полковник буда, бо медали "Ҷасорат" мукофотонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 2977