фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Усмонов У. Ю.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2013, № 34
УСМОНОВ Усмоналӣ Юнусалиевич - вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
УСМОНОВ Усмоналӣ Юнусалиевич 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси муҳандиси кафедраи "Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор"-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми аспирантура, дар давоми солҳои 1989 - 1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997 - 2001 дар мансаби директори Муассисаи давлатии назорати барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии Муассисаи давлатии назорати барқи ҷумҳурӣ, солҳои 2001 - 2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" фаъолият доштааст.
Аз моҳи сентябри соли 2009 дар мансаби директори иҷроияи Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика" кор кард.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 2652