фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани
Бобоев Ш. Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Бобоев Шавкат Бобораҷабович вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2013, № 35
БОБОЕВ Шавкат Бобораҷабович - вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБОЕВ Шавкат Бобораҷабович 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис механик-технолог ва соли 2003 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механикии Вазорати саноати маҳаллӣ, сардори шуъбаи механикӣ - энергетикии фабрикаи "Зарбоф"- и шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Солҳои 1999 - 2004 дар вазифаҳои директори маркази шуғли аҳолии шаҳри Чкалов, сардори идораи меҳнат, масъалаҳои иҷтимоии вилояти Суғд ва солҳои 2004 - 2012 дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкалов фаъолият намудааст.
Аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.
Бо медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
Бо фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 3023