фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Орумбеков Ш. Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Орумбеков Шамсиддин Шодибекович вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 ноябри соли 2013, № 39
ОРУМБЕКОВ Шамсиддин Шодибекович - вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОРУМБЕКОВ Шамсиддин Шодибекович 18 марти соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омӯзгори мактаб шурӯъ намуда, дар давоми солҳои 1978 - 1980 дар вазифаҳои муҳаррири кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980 - 1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000 - ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.
Солҳои 2000 - 2011 дар вазифаҳои роҳбари Дастгоҳи раиси ВМКБ, муҳаррири рӯзномаи "Мӯнис", раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.
Бо ордени «Шараф» сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2013 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 2808