барқияҳо
Номаҳои шодбош
18 ноябр Императори Ҷопон Акихито ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар гуфта мешавад:
"Ба муносибати бори дигар ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Шумо, бароям мояи сарфарозист, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро аз замири қалб ба хотири муваффақиятҳои рӯзафзун ва хушрӯзии Ҷаноби Олӣ, инчунин рифоҳ ва пешрафти мардуми шарифи кишваратон ироа намоям".
* * *
Дар барқияи табрикоти Президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Шӯрои Федералии Швейтсария шарафмандам Шуморо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик намоям.
Дар ин фурсат мехостам ба Шумо дар ин мақоми олӣ комёбиҳои беназир, саодатмандӣ ва баҳри пешрафту шукуфоии кишвар таманниёти неки худро иброз дорам.
Мутмаинам, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми маро бипазиред".
* * *
Дар барқияи табрикоти Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед. Ба Шумо дар татбиқи минбаъдаи мақсаду вазифаҳои муҳим ҷиҳати таҳкиму густариши иқтисод ва суботи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини осоиши мардуми Шумо муваффақиятҳои беназир мехоҳам.
Умедворам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густаришу рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамкориҳои мутақобилаи Латвия ва Тоҷикистон ба манзури шукуфоӣ ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳоямон, мусоидат менамоянд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред".
* * *
Дар барқияи шодбоши Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев омадааст:
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Таҳнияти самимии маро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Натиҷаҳои интихоботи навбатӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ ёфтани роҳи интихобнамудаи Шумо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими ниҳодҳои давлатист.
Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Русияву Тоҷикистон зина ба зина рушд менамоянд. Лоиҳаҳои муштараке дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо муваффақият татбиқ гардида истодаанд. Ин ҳама комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Русия ва Тоҷикистон мебошад.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолият дар мансаби олии пурмасъулият дастовардҳои навин таманно дорам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: 152-153 Мутолиа карданд: 3471