қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру илова
ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи
Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои соли 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, № 11, мод. 938; с. 2013, № 3, мод. 203; № 7, мод. 503; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, № 1022; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013, № 1023; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013, № 1024) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 15 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"15. Техника, таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳад ва масолеҳи сохтмонии барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Тоҷ - Чайна-2013" воридшаванда, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.";
- қисмҳои 15, 16 ва 17 мувофиқан қисмҳои 16,17 ва 18 ҳисобида шаванд;
- дар қисми 17 калима ва рақами "қисми 15" ба калима ва рақами "қисми 16" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 ноябри соли 2013,
№ 1031
Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи Буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013,
№ 1341
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.13 №: 156 Мутолиа карданд: 3827