фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Зокиров Маҳмадтоир раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2013, № 78
ЗОКИРОВ Маҳмадтоир - раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЗОКИРОВ Маҳмадтоир 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис - заминсози Институти лоиҳакашии "Тоҷикгипрозем" оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шуъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии "Тоҷикгипрозем", сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи хоҷагии қишлоқ, шуъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳии иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот", раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.
Аз моҳи марти соли 2010 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо медали "Хизмати шоиста" ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.13 №: 156 Мутолиа карданд: 3155