logo

туризм

Санкт-Петербург – мероси Пётри бузург

50 шаҳри машҳуртарини ҷаҳон

Бузургтарин маркази саноатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва бандари баҳрӣ дар соҳили Балтика, ганҷинаи меъморӣ ва осорхонаии Русия. Шаҳр 41 муассисаи таълимии олӣ, даҳҳо театр ва толори консертӣ, 1200 китобхонаи умумӣ, теъдоди зиёди маҷмааҳои варзишӣ, тарабхонаҳо, клубҳои шабона, 150 осорхонаи гуногун ва садҳо ҳайкалу ёдгориву шоҳкории меъмории дорои арзиши ҷаҳонӣ дорад. Дар 44 ҷазира доман густурда, барои 5 миллион нафар хона ҳисоб мешавад. Онро бо дигар шаҳру кишварҳо роҳҳои баҳриву дарёӣ, ҳавоиву автомобилӣ ва роҳи оҳан мепайванданд.
Санкт-Петербургро пойтахти шимолии Русия ва, бинобар хеле зебо буданаш, ҳамчунин Палмираи Шимолӣ ном мебаранд. Шаҳр аз сӯи беҳтарин меъморони ҷаҳон тарҳрезӣ шудааст ва дар натиҷа омезиши фантастикии услубҳои аврупоиву русӣ ба амал омадааст. Санкт-Петербург агар аз як ҷиҳат Венетсияро ба ёд биёрад, аз дигар ҷиҳат ба Парижу Рим монандӣ мекунад, ҳамчунин дар симои он Амстердамро метавон дид.
Бунёди шаҳр ба марзи таърихие байни Руси асримиёнагӣ ва даврони нав мубаддал гашт. Санкт-Петербург барҳақ «равзанае ба Аврупо» шуд. Таърихи он бошад, чунин оғоз ёфтааст: дар масаби дарёи Охта, ки ба Нева мерезад, соли 1300 шаҳри шведии Ландскрона пойбарҷо буд, баъди хароб гаштани он шведҳо қалъае бо номи Ниеншантс бунёд намуданд. Дар ҷараёни Ҷанги шимолӣ (солҳои 1700-1721) нерӯҳои русӣ таҳти фармондеҳии шоҳ Пётр Алексеевич Романов (Пётри I) ин пойгоҳро ишғол карданд. Муддате пас шӯрои ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаи дар куҷо сохтани қалъаи русҳо мавриди баррасӣ қарор ёфт. Баъди тасмимгирӣ 27 майи соли 1703 дар ҷазираи Заяч, воқеъ дар масаби Нева, шоҳ ба сохтмони Қалъаи Пётр ва Павел, ки бо мурури замон Қалъаи Петропавловск ном гирифт, асос гузошт.
Шароит, ки ҷангӣ буд, пойгоҳро аллакай то охири моҳи май бунёд ва бо силоҳу муҳимат таъмин намуданд. Ва ин тадбир ба ҷараёни ояндаи Ҷанги шимолӣ бетаъсир намонд. Ривоят мекунанд, ки шведҳо тобистони соли 1703 то ҷазираи Сангин пеш омада, ба пойгоҳи сохтмонаш анҷомёфта ҷосусони худро мефиристанд. Онҳо баргашта, гузориш медиҳанд, ки ба русҳо ҳамла кардан фоида надорад: он ҷо аллакай пойгоҳи ҳақиқӣ бо гарнизон ва артиллерия истодааст.
Бунёди шаҳр бо дуои хайри архиерейи Воронеж Митрофаний, ки Пётр ҳанӯз овони наврасиаш ба он мушарраф гашта буд, шурӯъ ёфтааст. «Дар  қасрҳои дигаре, дар шимол зиндагӣ хоҳӣ кард ва пойтахти наве ба ифтихори Пётри муқаддас бино хоҳӣ намуд. Худо дар ин кор ёрат хоҳад шуд. Тимсол (икона)-и Қазон нигаҳбони шаҳр ва тамоми мардум мешавад. То замоне, ки тимсол дар пойтахт мемонад ва дар пеши он насрониҳои православӣ ибодат мекунанд, ба шаҳр қадами душман нахоҳад расид». Тимсолро аллакай соли 1770 аз Маскав ба Петербург оварданд, ки то имрӯз он ҷо нигоҳ дошта мешавад ва ҳамзамон он нигаҳдори шаҳр аст. Ва дар ҳақиқат ҳам Петербург тӯли таърихи беш аз 300-солаи худ ягон бор ба душман таслим нагаштааст.
Дар ҳамон соли 1703 сарбозон ва деҳқонони маҳаллӣ оҷилан ба сохтмони дижҳо ва сарбозхонаҳо сафарбар шуданд. Дар паноҳи тӯпҳо начандон дуртар аз қалъа ба бунёди нахустин биноҳои истиқоматӣ оғоз намуданд. То 30-юми май - зодрӯзи шоҳ барояш аз чӯб хона сохтанд. Ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Пётр қарор шуд ин манзилро, ки хонаи нахустини Петербург буд, барои таърих нигоҳ медоранд. Охирҳои тирамоҳ ба шаҳр меъмори машҳури итолиёвӣ Доменико  Трезини омад. Баъди як сол дар соҳили Нева сохтмони Адмиралтейство оғоз ёфт. Ҳамчунин дар шаҳр таҳти роҳбарии Трезини ба бунёди Қасри зимистона барои шоҳ ва берун аз шаҳр бо иштироки меъмор ва ҳайкалтароши олмонӣ Андреас Шлютер ба сохтмони Қасри тобистона  пардохтанд.
Дар баробари ин иншоот ба бунёди калисои Александро-Невский шурӯъ карданд. Аз калисо то Адмиралтейство асирони шведӣ роҳи васеъ сохтанд, ки ба хиёбони имрӯз машҳури Невский оғоз бахшид.
Ба хотири ҷуброн кардани нерӯи кор, ки бар асари беморӣ, ҷароҳат, сардӣ, обхезиҳо кам мешуд, ҳамчунин барои афзоиш додани аҳолӣ дар шаҳри навбунёд, ҳокими тамоми Рус фармон дод, ки ба ин ҷо маҷбуран 15 ҳазор ҳунармандро бо хонаводаҳояшон бикӯчонанд ва барои онҳо аз ҳисоби давлат хона бисозанд.
Соли 1712 Санкт-Петербургро пойтахти давлати Русия баргузиданд. Ба ин ҷо аз Париж меъмори бузург Ж.Б.Леблон даъват шуд. Ба андешаи Пётр ва мутобиқи нақшаи меъмори парижӣ, ки ӯро то сатҳи генерал- меъмор бароварданд, пойтахти нав бояд ба зебоӣ дар миёни шаҳрҳои Амстердам, Париж ва Венетсия қарор мегирифт.
Соли 1737 дар пойтахт аллакай 70 ҳазор одам зиндагӣ мекард, вале ҳамзамон муҳоҷирати маҷбурӣ идома дошт.
Номи шаҳр борҳо тағйир ёфтааст: соли 1914 Санкт-Петербургро ба Петроград иваз карданд, соли 1924 (баъди вафоти В.И.Ленин) ба Ленинград табдил доданд. Соли 1991 шаҳр боз номи аввалаи худ- Санкт-Петербургро гирифт, вале сокинонаш онро ҳамеша Питер ном мебурданду мебаранд.
Пойтахти шимолӣ махсусан тобистон дар давраи шабҳои сафед дилработар мешавад. Ба як осорхонаи азими зебое дар ҳавои озод мубаддал мегардад.
Яке аз осорхонаҳои бузургтарини ҷаҳон «Эрмитаж» дар ҳамин шаҳр воқеъ аст, ки панҷ биноро ишғол намудааст: Эрмитажи Хурд, Қадим, Нав, ҳамчунин Қасри зимистона ва театри Эрмитаж. Осорхона соли 1764 ҳамчун маҷмӯаи хусусии малика Екатеринаи II арзи ҳастӣ намуд. Имрӯз ба рӯи тамошобинон 400 толор, ки дар онҳо 2 миллиону 700 ҳазор ашё нигоҳ дошта шудааст, дари худро боз кардаанд. Ашёҳои осорхона таърихи фарҳанги Шарқу Ғарбро шурӯъ аз асари санг бозгӯӣ мекунанд. Дар осорхона 12 ҳазор муҷассама ва 15 ҳазор тасвир ҷамъ оварда шудааст, ки маҳсули эҷоди машҳуртари ҳайкалтарошону рассомони ҷаҳон мебошад. Барои ошноӣ бо ашёи ҳамаи толорҳои осорхонаи «Эрмитаж» бинанда бояд 22 километр қадам занад. Ва агар дар пеши ҳар як ашё ақаллан якдақиқаӣ вақт сарф шавад, барои тамошо 15 сол зарур аст.
Осорхонаи дигари шаҳр - «Русский музей», ки аз соли 1889 фаъолият дорад, аз ҷойҳои хеле дидании Питер маҳсуб меёбад. Онро «энсиклопедияи ҳунари ватанӣ» ном мебаранд. Дар толорҳои осорхона арзишҳои бадеии баёдгормонда аз асри XI ба ин сӯ ва асарҳои ҳамаи намудҳои санъати тасвирӣ, ки ба дасти устодони бузург ва  истеъдодҳои гумном офарида шудаанд, ҷой гирифтаанд. Маҷмӯаи наққошии ин осорхона калонтарин дар Русия ва маҷмӯаи муҷассамаҳояш бузургтарин дар ҷаҳон ба шумор меоянд.
Дар даврони ҳукмронии Николайи I шаҳр соҳиби боз як шоҳкории меъмории рус- Калисои Исакиевск гашт. Ин иншоот 103 метр баландӣ дошта, диаметри гунбазаш ба 22 метр баробар аст ва солҳои 1818-1858 аз рӯи лоиҳаи А. Манферран бино ёфтааст.
Қалъаи Петропавловск, ки ҳамчун иншооти низомӣ сохта шуда буд, ҳаргиз ба ин мақсад истифода нагашт. Дар аввалҳои садаи XVIII он ҳамчун маҳбаси асосии шоҳ ном баровард. Аввалин маҳбусони он моҳи феврали соли 1718 писари Пётри I Алексей Петрович ва хоҳари шоҳ Мария Алексеевна буданд. Алексей худи ҳамон сол дар ҳамин қалъа бар асари истинтоқи зиёд ҳалок гашт ва ба амри падар ӯро дар калисои нимсохти Петропавловск ба хок супурданд. Ва дар оянда ин калисо ба қабристони хонаводаи императории Романовҳо мубаддал шуд. Аз ҷумла соли 1725 дар он Пётри I-ро низ дафн карданд.
Атрофи Питер ҳам ҷойҳои дидании зиёд дорад. Дар шаҳрҳои Пушкин ва Петергоф қасрҳо ва фаввораҳо бинандаро тасхир мекунанд, дар Гатчино бошад, ансамбли қасриву поркӣ – ёдгории садаи XVIII (меъморон А. Риналди ва В. Бренна). Дар ҳамбастагӣ бо шабҳои сафед инҳо ба як афсонаи зебое шабоҳат мегиранд…
Ба як ҷумла, дар Санкт-Петербург ҳама гуна кас мутобиқи завқу хоҳиши худ ҷойҳои диданӣ пайдо мекунад ва вақти хешро хуш сипарӣ месозад.

Тарҷума аз китоби «50 знаменитых городов мира»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед