мулоқотҳо
Мулоқот бо Ян Кубиш
29 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Ян Кубишро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Ян Кубиш бори дигар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва мардуми кишвар барору комёбӣ ва амалишавии умеду ормонҳоро таманно намуд.
Зимни мулоқот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар пас аз соли 2014 баррасӣ шуданд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кулли минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 2380