қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 545,
ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии хоҷагии
ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Исматов А. У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исматов Азизулло Убайдуллоевич директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ИСМАТОВ Азизулло Убайдуллоевич - директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматов Азизулло Убайдуллоевич 18 марти соли 1964 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном ва соли 2006 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 дар мансаби ходими хурди илмии стансияи хокшиносӣ оғоз намуда, сипас ҳамчун муаллими фанни агрономи совхоз-техникуми ноҳияи Бохтар, сарагрономи совхози "Вахш"-и ноҳияи Вахш, раиси иттиҳодияи "Сельхозхимия"-и ноҳияи Вахш фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2007 мутахассиси идораи назорати давлатии заминҳои кишоварзӣ, директори корхонаи давлатии Маркази замини Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.
Солҳои 2007-2012 мудири бахши растанипарварии шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин, муовини аввали директори Маҷмааи давлатии "Қасри миллат" ва директори Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз июли соли 2012 то ба имрӯз директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 3070