қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 543,
ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти назорати
давлатии бехатарии корҳо дар саноат
ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
Мирзоев С. С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирзоев Сиҷоуддин Саломович сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
МИРЗОЕВ Сиҷоуддин Саломович - Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзоев Сиҷоуддин Саломович 2 июни соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1989 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ, геофизик хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати геофизик-оператори Экспедитсияи ҷанубӣ дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) оғоз намуда, солҳои 1991-2003 дар мансабҳои сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубии Тоҷикистон, сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии "Наврӯз"-и шаҳри Кӯлоб, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии №8, муовини директори генералии Ширкати "Саддам" дар шаҳри Сарбанд, нозири кӯҳӣ-техникии Идораи "Госгортехнадзор"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2003 - 2006 муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун адои вазифа кардааст.
Солҳои 2006 - 2011 дар мансаби муовини аввали сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз августи соли 2011 то имрӯз котиби масъули корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии "Роғун" мебошад.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 2863