қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 542,
ш. Душанбе
Дар бораи сардори Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъаев М. Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷумъаев Мурод Холович сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҶУМЪАЕВ Мурод Холович - сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумъаев Мурод Холович 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишкадаи техникии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси муҳандис - кӯҳкан ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси коргари кӯҳкани Экспедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои нақбкани корҳои зеризаминӣ, усто, сардори қитъа, муҳандис, сардори партияи геологии Экспедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон, сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии "Тоҷикгеология" ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1996 то 2004 директори Комбинати маъдантозакунии Такоб ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Варзоб фаъолият дошт.
Аз декабри соли 2006 то имрӯз сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз шудааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 3111