қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 540,
ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Рустами Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рустами Эмомалӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Рустами ЭМОМАЛӢ - сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз октябри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 3024