қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 537,
ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҳасанов Ҳ.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҲАСАНОВ Ҳомидҷон Усмонович - директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович 1 июни соли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - гидротехник хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №9, ноҳияи Ленин оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои саркори колоннаи сайёри механиконидашудаи № 9, ноҳияи Ленин, котиби озоди кумитаи комсомол, котиби комитети ҳизбии коммунистӣ, ҷонишини раиси колхози ба номи Ленин, ноҳияи Ленин кор кардааст.
Солҳои 1994 - 2004 сармуҳандис, сардори Иттиҳодияи истеҳсолот ва таъминоти Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии фаврии системаи обрасонии Ёвон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2004 то ба имрӯз дар мансаби муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Бо ордени "Шараф", дараҷаи I сарфароз шудааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 2993