қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 535,
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Раёсати Бонки
давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
таъин намудани Норинов Ҷ. Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
НОРИНОВ Ҷамшед Нурмаҳмадович - раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати назоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молия оид ба вилояти Қурғонтеппа оғоз намуда, то соли 1994 дар вазифаҳои назоратчӣ-тафтишотчӣ дар ноҳияи Бохтар, сарназоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қурғонтеппа ва муовини якуми сардори Идораи молияи вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 1994-2006 сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори Идораи назорати давлатии молиявии дар вилояти Хатлон будаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2006-2012 ба ҳайси муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз моҳи марти соли 2012 дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 2965