қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри cоли 2013, № 533,
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Комилов А. Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комилов Абдувалӣ Ҳакимович раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
КОМИЛОВ Абдувалӣ Ҳакимович - раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комилов Абдувалӣ Ҳакимович 25 марти соли 1954 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Идораи хоҷагии қишлоқи комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Хуҷанд оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои усто-конструктор, технологи калон, прораб, сармуҳандис, сардори Идораи махсуси механиконидашудаи №35-и Трести "Тоҷикстроймеханизатсия" - и шаҳри Ленинобод, сардори Трести "Спетсстроймеханизатсия - 2"- и шаҳри Ленинобод, раиси Трести "Ленинободстрой" кор кардааст.
Солҳои 1996 - 2006 ҳамчун муовини раиси вилояти Ленинобод, раиси шаҳри Хуҷанд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Ленинободсохтмон", муовини раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон", муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.
Аз декабри соли 2006 то имрӯз ба сифати директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 1995 - 2000 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо медали "Хизмати шоиста" ва медали ҷашнии "20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.13 №: 157 Мутолиа карданд: 3058