logo

мулоқотҳо

Боздид аз қароргоҳи Дастаи таъйиноти махсуси милитсия

5 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт ташриф оварда, бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъйиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Солҳои охир бо ғамхории давлату Ҳукумат ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шароити корию хизматӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот хеле беҳтар шуда, боиси пурзӯр шудани омодагии доимии касбии онҳо мегардад.
Президенти  кишвар  Эмомалӣ   Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои зебои панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъйиноти махсуси милитсияро ифтитоҳ намуда, бо шароити муҳайёгардида бевосита шинос шуд.
Дар ин бинои панҷошёна, ки ҳамчунин таҳхона дорад, ҳуҷраҳои барҳавою муҷаҳҳази корӣ, толори калони варзишӣ бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозиҳои варзишӣ, толори махсуси тирпаронӣ аз аслиҳаи муҳорибаи наздик, хонаву толорҳои зебо барои хоб, истироҳату фароғат, гармобаю обхона, толори бузурги маҷлисӣ ва ошхонаи дорои 250 ҷойи нишаст ҷойгир шудаанд.
Дар доираи дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тайи чанд соли охир 54 бинову иншооти нав сохта, ба истифода дода шуда, 238 бинои маъмурии милитсия дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар таъмиру навсозӣ гардидааст.
Дар ошхонаи зебою барҳаво хатнасури хайрияи қариб 90 писарча аз оилаҳои кормандони фавтида, маҷрӯҳшуда ва ниёзманди Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ба таври дастаҷамъона ба роҳ монда шуд. Ба ҳар яки ин  дӯстрӯякон  Сарвари  давлат       Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд. Тайи 18 соли фаъолияти ин даста, мутаассифона, 27 нафар кормандони он ба ҳалокат расида, 36 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд ва баъзеашон маъюб шудаанд.
Бо назардошти вазифаҳои душвори хизматӣ, ки дар назди Дастаи таъйиноти махсуси милитсия гузошта шудаанд, аз қабили мубориза бо терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ ва гузарондани амалиётҳои махсус ин воҳиди низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамон низ таъмин мебошад.
Дастаи мазкур 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз 66 нафар дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд. Имрӯз бошад, тамоми шароити зарурӣ барои ин даста муҳайё гардидааст.
Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар муддати 18 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардондани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузарондани амалиётҳои махсус аксари ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ ва ошкор намудаанд ва дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.
Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия маҳорати касбии худро дар амалиётҳои махсуси таълимӣ, аз ҷумла, барои озод намудани гаравгонон ва безарарсозии ҷинояткорони хавфнок пайваста сайқал дода, собит менамоянд, ки онҳо дар воқеъ метавонанд ҳомиёни барҳақи оромию субот ва ҳаёти осудаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз бошанд.
Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсияро бо солгарди 18-уми таъсиси ин воҳиди низомӣ ва бо ифтитоҳи бинои наву муҳайёшавии беҳтарин шароити корию хизматиашон табрику таҳният гуфт.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити корию хизматӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти корҳои дохилӣ Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 қабул гардидааст.
Баҳри таъмини фаъолияти муназзами Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва бо мақсади мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Рашт воҳидҳои минтақавии таъйиноти махсуси милитсия таъсис дода шудаанд.
Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, такмили корҳои кашшофию харитасозӣ, фаъолият дар шароити кӯҳсор, тайёр намудани мутахассисон оид ба истифодаи техникаи махсус ва иҷрои саривақтии амру супоришҳои додашуда соли равон Маркази таълимии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт таъсис дода шуд, ки аз моҳи май ба ин сӯй дар он ҳар моҳ 100-150 нафар кормандон ба машқҳои махсус фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчунин, барои ҳайати шахсии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар Академия ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ гузаронда мешаванд. Ғайр аз ин, тайи солҳои фаъолияти даста зиёда аз 200 корманди он барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ фиристода шудаанд.
Дар иртибот ба омодасозии мутахассисони касбии соҳа ва ба талаботи замона мутобиқ гардондани донишу таҷрибаи онҳо Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шуд, ки дар заминаи Академияи вазорат шуъбаи махсуси таълимӣ таъсис намояд.
Ҳамчунин ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки Ситоди ҳамоҳангсози фаъолияти ҷузъу томҳои махсуси вазорат таъсис дода шавад.
Дар охир изҳори боварӣ шуд, ки кормандони Дастаи таъйиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои махсуси дигар сохтору мақомот дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор хоҳанд дошт.
Тантанаҳои бахшида ба солгарди 18-уми Дастаи таъйиноти махсуси милитсия бо расми гузашти низомӣ дар иҷрои кормандону ходимони воҳидҳои таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ба поён расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.13    №: `159    Мутолиа карданд: 2392
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед