илм
Корҳои илмӣ бояд дар амал татбиқ шаванд
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши 61-уми солонаи илмӣ-амалӣ бо иштироки олимону мутахассисон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш ба масъалаҳои илми тиб ва дар амал татбиқ намудани он бахшида шуд.
Ҳамоишро ректори донишгоҳ Убайдулло Қурбонов ифтитоҳ бахшида гуфт: " Донишгоҳ дар омода намудани кадрҳои ҷавони илми тиб диққати зиёд медиҳад. Барои иҷрои корҳои илмӣ дар донишгоҳ шароит фароҳам аст, вале на ҳамаи корҳои илмӣ дар амал татбиқ мешаванд, ки ин сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дорад.
Дар назди шуъбаи илм ва инноватсия Маркази захираҳои тибби исботшуда кушода шудааст, ки духтурон метавонанд ба қоидаҳои истифодабарии пойгоҳ шинос шуда, дастури лозимӣ бигиранд. Дар ин росто чунин конфронсҳои илмию амалӣ низ нақши босазо мегузоранд". Имсол ба конфронси солонаи илмӣ-амалӣ 368 кори илмӣ ворид гардид, ки 67-тои он асари олимони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус мебошанд. Иштироккунандагон дар 5 сексия оид ба фанҳои назариявӣ, муолиҷавӣ, педиатрия, гинекология, ҷарроҳӣ ва дандонпизишкӣ беш аз 137 маърӯзаи илмиро шунида ва баррасӣ намуданд.
Дар доираи ин ҳамоиш ширкатҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ маводи доруворӣ ва таҷҳизоти нави тиббиро ба намоиш гузоштанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.12.13 №: 159 Мутолиа карданд: 5220