қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи буҷети давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои соли 2013"
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 11, мод. 938; с. 2013, № 3, мод. 203; № 7, мод.503; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013; № 1022; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2013; № 1023; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013, № 1024; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2013, № 1024; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2013, № 1031) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 16 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"16. Воридоти 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.";
- қисмҳои 16, 17 ва 18 мувофиқан қисмҳои 17, 18 ва 19 ҳисобида шаванд;
- дар қисми 18 калима ва рақами "қисми 16" ба калима ва рақами "қисми 17" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 августи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2013, № 1032
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои соли 2013"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2013, № 1370
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.12.13 №: 161 Мутолиа карданд: 3836